Ru  | Tj
Пулҳои коғазии намунаи соли 2022 ба муомилот бароварда мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пулҳои коғазии намунаи соли 2022 ба муомилот бароварда мешавад
Акс: Бонки миллии Тоҷикистон

Пулҳои коғазии намунаи соли 2022 ба муомилот бароварда мешавад

Нашр шуд

Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки тибқи қарори раёсати ин ниҳод аз рӯзи 7 март дар ин кишвар намунаи пулҳои коғазии соли 2022 ба муомилот мебарояд.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки бо мақсади таъмин намудани иқтисод бо нишонаҳои пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022-ро бо арзишҳои 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот мебарорад.

Тибқи хабари ин манбаъ, пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 дар баробари пулҳои коғазии барориши солҳои 1999, 2010, 2017, 2018 ва 2021, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Дар баробари ин Бонки миллии Тоҷикистон ҳамлунақл, баҳисобгирӣ ва ташкили шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомониро тибқи тартиби муқарраршуда анҷом медиҳад.

Хотиррасон мекунем, ки бо фароҳам омадани суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ Бонки миллии Тоҷикистон соли 1999 бо як ширкати олмонӣ чопи пули миллӣ, ки таърихи гузашта ва фарҳангии имрӯзаи халқи тоҷикро бозтоб медиҳад, шартнома баст.

Баъдан бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон 30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллии ин кишвар - "Сомонӣ" ба муомилот бароварда шуд, ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст.

Дар ин марҳила пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. Дар пулҳои коғазии нав расми арбобони бузурги муосир ва гузаштаи халқи тоҷик ва ҳамчунин тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷой дода шудаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки пули миллӣ, ки дар минтақаи гардиш эътибори кофӣ дорад, рамзи шоёни Тоҷикистони мустақил гашт ва ба сифати воситаи боэътимоди танзими иқтисодӣ дар ҳоли рушди ин кишвар хидмат мекунад. Зикр мешавад, ки имрӯз сомонӣ яке аз пулҳои устувор дар маҳдудаи Иттииҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб мегардад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед