Ru  | Tj
Пули аз ҷиҳати экологӣ тоза: Эҳтимол сомониҳои нав дар Швейтсария чоп шаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пули аз ҷиҳати экологӣ тоза: Эҳтимол сомониҳои нав дар Швейтсария чоп шаванд
Акс: ASIA-plus

Пули аз ҷиҳати экологӣ тоза: Эҳтимол сомониҳои нав дар Швейтсария чоп шаванд

Нашр шуд

Эҳтимол меравад, ки пулҳои коғазии намунаи соли 2021-и Бонки миллии Тоҷикистонро ширкати “Landgart AG” – и Швейтсария чоп кунад. 

Ба иттилои котиботи Бонки миллӣ, Ҳоким Холиқзода, Раиси Бонки миллӣ бо хонум Муриел Шулер ва Томас Ли, директори минтақавӣ ва намояндаи тиҷоратии ширкати «Landgart AG» дар Душанбе мулоқот ва масоили роҳандозии ҳамкориро баррасӣ кард. 

Манбаъ мегӯяд, намояндагони «Landgart AG»  перомуни барориши пулҳои коғазӣ аз ҷониби ин ширкат бо истифода аз коғази аълосифат ва унсурҳои ҳимоявии такмилёфта ба Раиси Бонки миллӣ маълумот ироа намуданд. 

Таъкид шуд, ки ин ширкат бо бонкҳои марказии беш аз 50 давлати дунё, аз ҷумла  Швейтсария, Қазоқистон, Камбоҷа, Малайзия ва Марокаш дар самти чопи пулҳои коғазӣ ҳамкорӣ мекунад ва яке аз афзалиятҳои кори онҳо истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.

Манбаъ меафзояд, масъулони “Landgart AG”  аз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода даъват ба амал оварданд, ки аз қароргоҳи марказии ин ширкат дар Швейтсария боздид карда ва ба фаъолияти онҳо шинос шавад.

Мулоқоти Холиқзода бо намояндагони ширкати “Landgart AG” дар ҳоле сурат мегирад, ки қаблан Бонки миллӣ хабар дода буд, ки пулҳои коғазии намунаи соли 2021 чоп ва ба муомилот бароварда мешаванд. 

Сомонӣ, пули милли Тоҷикистон соли 1999 ба муомилот баромада, аз ҳамон даврон то ба имрӯз онро ширкати олмонии “Giesecke+Devrient” чоп мекард. 

Аммо гуфта мешавад, ки имсол мӯҳлати шартномаи ин ширкат бо Бонки миллӣ ба поён мерасад ва ба эҳтимоли зиёд пулҳои нави сомонӣ аз ҷониби “Landgart AG” бароварда мешаванд. 

Сомони укрепил свою позицию по отношению к иностранной валюте


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед