Ru  | Tj
Пулиси Исроил ба дафтари Ал-Ҷазира дар Байтулмуқаддас ҳамла кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пулиси Исроил ба дафтари Ал-Ҷазира дар Байтулмуқаддас ҳамла кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Пулиси Исроил ба дафтари Ал-Ҷазира дар Байтулмуқаддас ҳамла кард

Нашр шуд

Баъди он ки кобинаи сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу эълон кард, ки пахши барномаҳои Ал-Ҷазираро мутаваққиф кардааст, пулис ба дафтари ин шабака ҳамла кард ва бино ба гузоришҳо, таҷҳизоти онро мусодира намуд. Пахши ин шабака дар Исроил ҳоло қатъ шудааст.

Дафтари нахуствазири Исроил Ал-Ҷазираро муттаҳам кард, ки ба унвони як "сухангӯи Ҳамос" амал мекунад.

Бояд гуфт, Исроил вуруди хабарнигорони хориҷиро ба Ғазза манъ кардааст, аммо кормандони Ал-Ҷазира аз ҷумлаи рӯзноманигоре буданд, ки то ҳол дар Ғазза ҳузур доранд.

Шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира, воқеъ дар Қатар, ин амали Исроилро "ҷинояткорӣ" номид ва гуфт, ки ҳадафи Телавив пинҳон кардани ҳақиқати ҷанг дар Ғазза аст. Гуфта мешавад, ки давлати Исроил тадбирҳои дигар, аз ҷумла "масдуд кардани торнамо ва қатъи пахши ин шабака аз ширкатҳои моҳвораӣ ва кабелиро" баррасӣ кардааст.

Шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира дар ҳоле ки иттиҳоми равобити наздик бо раҳбарони Ҳамосро рад мекунад, ин амали Исроилро саркуби озодии матбуот номид.

Бояд гуфт, ки аз оғози ҷанг шуморе аз хабарнигорони шабакаи Ал-Ҷазира дар ҳамлаҳои Исроил кушта шудаанд. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва Федератсияи байналмилалии хабарнигорон мегӯянд, ҷанги Ғазза маргбортарин давра барои рӯзноманигорон будааст. Аз оғози ҷанг дар ҳафт моҳи гузашта беш аз 100 хабарнигор ва кормандони расонаҳо, ки аксарияташон фаластинӣ буданд, кушта шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед