Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Путин аз Раҳмон барои ширкат дар ҷашни 80-умин солгарди Ғалаба даъват кард
Нашр шуд
Семён Григорев, сафири Русия дар Душанбе зикр кард, ки дар соли 2025 Тоҷикистон раёсати ИДМ-ро бар уҳда хоҳад дошт.
Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон даъват кард, дар чорабиниҳое, ки рӯзи 9 майи соли 2025 дар Майдони Сурх ба ифтихори 80-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мешаванд, ширкат кунад.
Дар ин бора Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон ба ТАСС хабар дод.
"Ахиран мо ба раисҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъвати раҳбари Русия, Владимир Путинро барои ширкат дар чорабиниҳои Майдони Сурх дар таърихи 9 майи соли 2025 расонидем», - гуфт дипломат.
«Фикр мекунам, ки мавзӯи 80-солагии Ғалаба дар сатҳи баланд баррасӣ хоҳад шуд», - таъкид кард сафири Русия.
Хотиррасон мекунем, раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи октябр дар нишасти сарони ИДМ дар Маскав гуфт, ки дар замони раёсати ин кишвар таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеи махсус хоҳад дошт.
Бояд гуфт, ки аз 1 январи соли 2025 раёсати ИДМ аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад. Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 10 октябри соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед