Ru  | Tj
Путин аз рушд гуфту Байден аз мушкилоти дарозмуддат. Президентҳо Эмомалӣ Раҳмонро табрик карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Путин аз рушд гуфту Байден аз мушкилоти дарозмуддат. Президентҳо Эмомалӣ Раҳмонро табрик карданд
Акс: Sputnik Тоҷикистон

Путин аз рушд гуфту Байден аз мушкилоти дарозмуддат. Президентҳо Эмомалӣ Раҳмонро табрик карданд

Нашр шуд

Вуруди номаҳои табрикӣ ба унвони Президенти Тоҷикистон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва созмону ниҳодҳои байналмилалӣ ба муносибати 30- солагии истиқлоли кишвар оғоз ёфт.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, ки 8-уми сентябр теъдоде аз сарони кишварҳои хориҷ ба муносибати ҷашни истиқлоли Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон паёми шодбошӣ ирсол намуданд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла дар номаи табрики Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия ба ҳамтои тоҷикаш зикр шудааст, ки “кишвари Шумо дар ҷодаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ бомуваффақият пеш рафта, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳимми рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ нақши созанда бозида истодааст”.

Путин ҳамчунин гуфтааст, ки “мо бо саъю талошҳои муштарак рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои мухталиф, инчунин муносибатҳоямонро дар чорчӯби ИДМ, СААД, СҲШ ва дигар сохторҳои ҳамкориҳои бисёрҷанба таъмин хоҳем кард”.

Дар паёми Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден таъкид шудааст, ки Иёлоти Муттаҳида мунтазам соҳибихтиёрӣ, соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд.

Байден навиштааст, ки “мо умедворем, ки робитаҳои худро тавассути ҳамкорӣ бо дастгирии амнияти минтақавӣ, шукуфоии иқтисодӣ ва ҳамгироӣ таҳким мебахшем”.

Вай таъкид доштааст, ки “кишварҳои мо дар оянда бо мушкилоти ногузир ва дарозмуддат рӯбарӯ хоҳанд шуд. Дар асоси таърихи ҳамкориҳоямон, ман итминон дорам, ки мо ин мушкилотро якҷоя паси сар хоҳем кард”.

Хадамоти матбуоти Президент дирӯз ҳамчунин матни номаҳои сарони давлатҳои Чин, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Эрон, Беларус, Франсия ва Покистонро ба муносибати ҷашни истиқлоли Тоҷикистон нашр намуд.

Ҳамчунин аз Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд ва Сарвазири Ҳинд Нарендра Модӣ унвонии Эмомалӣ Раҳмон паёми табрикӣ ворид шудааст.

Манбаъ мегӯяд, вуруди номаҳо идома доранд.

Табрикот ва тавсияҳои Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед