Ru  | Tj
Путин: Ба ҳадди ақал донистани забони русӣ ба муҳоҷирони корӣ ҳатмӣ аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Путин: Ба ҳадди ақал донистани забони русӣ ба муҳоҷирони корӣ ҳатмӣ аст
Акс: Интернет

Путин: Ба ҳадди ақал донистани забони русӣ ба муҳоҷирони корӣ ҳатмӣ аст

Нашр шуд

Президенти Русия муътақид аст, ки забони русӣ нерӯи хос дорад ва дар қаламрави ИДМ фазои ягонаи тамаддуниро ба ҳам муттаҳид месозад.

Бино ба гузориши "ТАСС", имрӯз президенти Русия ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ иброз доштааст, ки шаҳрвандони дигар давлатҳои иттиҳод, ки барои кор ба Русия меоянд, бояд то дараҷае дониши забони русӣ дошта бошанд ва чӣ гуна кишвар будани Русияро дарк намоянд.

"Дар асл давлатҳои муштаракулманофеъро таърих аз ҷиҳатҳои гуногун ба ҳам пайванд намудааст. Мо таърихи муштарак, решаҳои маънавии бой, пайванди фарҳангҳо, урфу одат ва анъанаҳои умумӣ дорем. Табиист, ки забони муошират байни мо - забони русӣ аст",- арз доштааст Президенти Русия.

Ӯ, ҳамчунин, мӯътақид аст, ки ҷиҳати мутобиқ шудан ба муҳити Русия ва ворид шудан ба ҳаёти оддии он дониши забони русӣ дар зиндагии муҳоҷирон нақши калидиро мебозад.

Дар ҷаласа хотиррасон гардид, ки дар нишасти қаблии ИДМ қарор буд, дар кишварҳои ИДМ соли 2023 "Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо" эълон карда шавад.

Ёдовар мешавем, 31-уми майи соли 2021 ҳукумати Русия (N°840) қарор бароварда буд, ки тибқи он шаҳрвандони кишварҳои хориҷие, ки бо мақсади кор ба Русия сафар мекунанд, бояд аз фанни забони русӣ (ҳамчун забони хориҷӣ), таърихи Русия ва асосҳои ҳуқуқи Федератсияи Русия имтиҳон супоранд.




Дар нӯҳ моҳи охир сафари 9366 нафар ба Русия бебарор анҷом ёфтааст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед