Ru  | Tj
Путин ба Тоҷикистон меояд: кай ва чаро?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Путин ба Тоҷикистон меояд: кай ва чаро?
Акс: Интернет

Путин ба Тоҷикистон меояд: кай ва чаро?

Нашр шуд

Президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон меояд

Рӯзи 19-уми май вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, ки Президенти Русия Владимир Путин бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Ин суханонро Сироҷиддин Муҳриддин баъд аз мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар Душанбе изҳор намудааст. Ҳамчунин хабаргузории ТАСС низ дар ин бора ишора кардааст.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи сафари Путин коркард мешавад ва дар назар аст, ки сафар дар даҳаи дувуми сентябр сурат бигирад. 

Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир "нуктаи асосии дастури кори равобити дуҷониба омодагӣ ва баргузории сафари расмии Президенти Русия ба Тоҷикистон" ба ҳисоб меравад.

"Ҳукумат ва ниҳодҳои ду кишвар, аллакай кор дар мавриди муҳтавои ин сафарро оғоз карданд ва ба таври табиӣ мо дар гуфтугӯҳои имрӯз ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ хоҳем кард",-гуфтааст вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.


Лавров дар Душанбе: барқарории равобити ҳавоӣ ва дигар ҳамкориҳои низомии Русия бо Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед