Ru  | Tj
Путин гуфт, ки Байден бисёр ҳирфаист ва бардам ҳам менамояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Путин гуфт, ки Байден бисёр ҳирфаист ва бардам ҳам менамояд
Акс: Интернет

Путин гуфт, ки Байден бисёр ҳирфаист ва бардам ҳам менамояд

Нашр шуд

Владимир Путин, Президенти Русия ҳамтои амрикоии худро “профессионал” унвон кард.

Ба навиштаи РИА Новости, Президенти Русия дар мулоқот бо хатмкунандагони барномаи рушди захираҳои кадрии Мактаби олии идораи давлатӣ Ҷо Байден, ҳамтои амрикоии худро “ҳирфаӣ” ё худ “профессионал” хонд.

Путин қайд кард, ки онҳо бо Байден тавонистанд сари масоили калидӣ ба тафоҳум бирасанд. Президенти Русия афзуд, ки дар ин дидор изҳороти муштараке қабул карда шуд, ки дар он таъкид гаштааст ҷанги ҳастаӣ ғолиб надорад.

“Бо вай бисёр бодиққатона бояд кор кард, то чизе аз мадди назарат дур намонад. Худи ӯ ҳеҷ чизро сарфи назар намекунад”, - гуфт Путин.

“Байден бисёр бардам менамояд. Мо бо ӯ дувуним соат суҳбат доштем” – таассуроти худро иброз намуд Президенти Русия.

Дидору мулоқоти Владимир Путин ва Ҷо Байден чанд рӯз қабл дар Женева баргузор шуда буд. 

Вохӯрии Путин ва Байден дар Женева: коршиносон чӣ пешгӯйӣ мекунанд?

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед