Ru  | Tj
Путин гуфт, ки навсозии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба хотири таъмини амният аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Путин гуфт, ки навсозии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба хотири таъмини амният аст
Акс: ИноСМИ

Путин гуфт, ки навсозии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба хотири таъмини амният аст

Нашр шуд

Владимир Путин гуфт, ки кишвараш ба дӯстони тоҷикистонӣ барои таъмини амният кӯмак мекунад ва барномаи навсозии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳам ба ин хотир аст.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Кремл, ин матлабро Президенти Русия рӯзи 1-уми декабр ҳини пазируфтани эътимоднома аз Сафири Тоҷикистон дар Маскав баён намуд.

Гуфта мешавад, Путин дар ин рӯз дар толори Александровскийи Қасри калони Кремл аз 20 сафири тозамансуб, аз ҷумла Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода эътимоднома қабул кардааст.

Манбаъ меафзояд, Владимир Путин ҳини пазируфтани эътимодномаи Сафири Тоҷикистон дар бобати равобити дӯстонаи Душанбе ва Маскав суханронӣ карда, аз ҷумла, таъкид доштааст, ки имсол дӯстони тоҷикистонӣ давраи раёсати худ дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро бо муваффақият ба анҷом расониданд.

Путин зикр намудааст, ки Тоҷикистону Русия дар чаҳорчӯби СҲШ ва СААД ҳамкориҳои наздик доранд ва дар мавриди масоили мубрами минтақавӣ низ мавқеъҳои худро ҳамоҳанг месозанд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода 2-юми август бо фармони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Сафири Тоҷикистон дар Маскав таъин шуда, дар ин мақом Имомуддин Сатторовро иваз карда буд.

Гулмаҳмадзода қаблан ҳамчун муовини Сарвазири Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон кор кардааст.

Британияи Кабир барои кӯмак ба таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед