Ru  | Tj
Путин: Иқтисоди Русия дар соли 2024 наздики 4% афзоиш ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Путин: Иқтисоди Русия дар соли 2024 наздики 4% афзоиш ёфт
Акс: Аз манбаъҳои боз

Путин: Иқтисоди Русия дар соли 2024 наздики 4% афзоиш ёфт

Нашр шуд

Владимир Путин таъкид кард, ки аз ҷумла ҳаҷми гардиши мол миёни Русия ва Арманистон нисбат ба соли 2023 ду баробар афзуда, беш аз 10 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Рушди иқтисодии Русия дар соли 2024 тақрибан 4% хоҳад буд. Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба хабарнигорон хабар дод, иттилоъ медиҳад ТАСС.
«Дар минтақаи Аврупо, шумо медонед, ки аз рӯи натиҷаҳои сол афзоиши 1% [иқтисодӣ] ва дар Беларус бошад - 5,4-5,5%, дар Русия низ умуман аз натиҷаҳо қаноатмандем - 3,9%, эҳтимолан 4% хоҳад шуд, аммо дар Беларус 5,5%, ки натиҷаи хуб аст", - гуфт Путин зимни натиҷагирӣ аз нишасти сарони кишварҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруоОсиё дар Санкт-Петурбург.
Вай афзуд, ки иқтисоди Арманистон боз ҳам бештар рушд кардааст ва ҳаҷми гардиши мол миёни Федератсияи Русия ва Арманистон нисбат ба соли 2023 ду баробар афзуда, то охири соли 2024 беш аз 10 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.

Ҳамин тавр, қариб бо ҳамаи кишварҳои ИДМ ва ИИАО чунин натиҷа аст, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
"Дар мавриди кори ду рӯзи ахир мо метавонем ба таври мухтасар бигӯем: мо ба ҳамдигар наздиктар шудем", - таъкид кард Путин бо ишора ба натиҷаҳои мулоқоти дурӯза бо раҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё.
Хотиррасон мекунем, ки рӯзҳои 25-26 декабр дар вилояти Ленинград нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ва ҳамоиши раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед