Ru  | Tj
Путин муҳоҷири тоҷикро қадрдонӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Путин муҳоҷири тоҷикро қадрдонӣ кард
Акс: Интернет

Путин муҳоҷири тоҷикро қадрдонӣ кард

Нашр шуд

Бо супориши президенти Русия Владимир Путин муҳоҷири тоҷик Парвиз Камолов бо медали хотиравӣ ва ифтихорнома қадрдонӣ гардид.

Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи кӯшишҳои пайваставу назаррас Парвиз Камолов яке аз тоҷикони муваффақ дар Русия эътироф гардид. Ӯ дар масири Шимолуғарби округи федералии Русия ҳамроҳи ҳамватанонаш ба истеҳсоли сабзавоти тару тозаи экологӣ машғул аст, ки дар муддати кӯтоҳ натиҷаи дилхоҳ ба даст овардааст.

"Дар робита ба ин президенти Русия Владимир Путин Парвиз Камоловро бо медали хотиравӣ ва грамота "Барои гузоштани саҳми беғаразона барои ташкили иқдоми кӯмак ба ҳамдигар "Мы Вместе" дар сартосарии Русия” қадрдонӣ намуд"- омадааст дар иттилоия.

Инчунин аз ҷониби намояндагон зикр гардидааст, ки Парвиз Камолов ҳамеша дасти хайрро сӯйи камбағалон, шаҳрвандони эҳтиёҷманд ва мактаб -интернатҳои ноҳияҳо дароз мекунад.

Иқдоми "Мы вместе" 21-уми марти соли 2020 дар Русия бо мақсади дастгирии одамони солхӯрда, сокинони эҳтиёҷманд ва кормандони тиб дар даврони хурӯҷи бемории нави каронавирус роҳандозӣ гардид.

Ҷоизаи мазкур барои саҳм гузоштан дар ташкил ва пешрафти иқдоми нек аз номи президенти Русия тақдим мегардад.

Блог дар бораи зиндагии як муҳоҷир аз Душанбе, ки дар Русия машҳур шудааст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед