Ru  | Tj
Путин наомад. Эмомалӣ Раҳмон ҳайати расмии Русияро ба ҳузур пазируфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Путин наомад. Эмомалӣ Раҳмон ҳайати расмии Русияро ба ҳузур пазируфт
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Путин наомад. Эмомалӣ Раҳмон ҳайати расмии Русияро ба ҳузур пазируфт

Нашр шуд

Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати расмии Русия ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои низомӣ ва низомиву техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар дод, ки 15-уми сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати расмии Русияро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои СААД ва СҲШ ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Ба итттилои манбаъ, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Лавров - Вазири хориҷӣ, Сергей Шойгу - Вазири дифоъ ва Дмитрий Козак, муовини роҳбари Маъмурияти Президенти Русия маҷмӯи васеи масоили шарикии стратегии Душанбеву Маскав баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, тарафҳо дар ин дидор ба густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои низомӣ ва низомиву техникӣ таваҷҷуҳи вижае зоҳир намудаанд.

Манбаъ меафзояд, ҳамчунин вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон ва ҳифзи марзи Тоҷикистон мавриди табодули афкор қарор гирифта, ҷонибҳо ҷиҳати пешгирии таҳдиду хатарҳо идомаи ҳамкориҳоро дар сатҳҳои гуногун ва ҳамчунин таҳқими ҳимояти марзҳои давлатиро зарур шуморидаанд.

Рӯзи гузашта Хадамоти матбуоти Кремл хабар дод, ки Владимир Путин дар робита ба ошкор шудани коронавирус дар атрофиёнаш режими худинзивоиро риоят менамояд ва дар нишастҳои Душанбе низ тариқи маҷозӣ иштирок мекунад.

Владимир Путин бояд рӯзи 15-уми сентябр бо як сафари расмӣ вориди Душанбе мешуд.

Рӯзҳои 16-ум ва 17-уми сентябр дар Душанбе саммити Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва нишасти Сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед