Ru  | Tj
Путин оид ба гардиши силоҳи ғайринизомӣ қоидаи шадидтари нав ҷорӣ мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Путин оид ба гардиши силоҳи ғайринизомӣ қоидаи шадидтари нав ҷорӣ мекунад
Акс: Интернет

Путин оид ба гардиши силоҳи ғайринизомӣ қоидаи шадидтари нав ҷорӣ мекунад

Нашр шуд

Дар Русия қоидаҳои гардиши силоҳи  ғайринизомӣ боздид карда мешавад.

Пас аз тирандозӣ дар мактаби Қазон Президенти Русия Владимир Путин дастур дод, ки масъалаи шадидтар кардани қоидаҳои гардиши силоҳи ғайринизомӣ фавран дида бароянд. Дар ин бора Котиби матбуоти президент Дмитрий Песков хабар дод.

«Ба сардори Гвардияи Русия Виктор Золотов дастури алоҳида дода шуд, ки фавран тартиби нав дар бораи намудҳои силоҳе, ки метавонанд дар гардиши шаҳрвандӣ бошанд, таҳия карда шавад», — гуфт Песков ба хабарнигорон.

Ҳамчунин Песков тавзеҳ дод, ки «баъзан навъҳои силоҳи сабук, ки дар бархе  кишварҳо ҳамчун милтиқ ва ғайра истифода мегарданд, чун аслиҳаи шикорӣ ба қайд гирифта мешаванд». «Инро низ Гвардияи Русия фавран таҳия хоҳад кард», — гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 11-уми май дар мактаби рақами 175-и Қазон ҳамлагар аз автомат оташ кушод. Баъдтар ӯро боздошт карданд. Маълум гардид, ки ӯ ҷавони 19-сола буда, силоҳ дар номаш расман ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои расмии охирини Кумитаи миллии зиддитеррористӣ, ҳафт кӯдак, ду омӯзгор кушта ва 21 нафар аз шумули донишҷӯёну кормандони муассисаи таълимӣ маҷруҳ шуданд.

Бахшида ба ин рӯз 12-уми май дар Тотористон рӯзи мотам эълон шуд.


Дастури Путин барои осон гирифтани шаҳрвандӣ ба қисме аз хориҷиён: кай, чӣ гуна ва ба киҳо?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед