Ru  | Tj
Путин созишномаи тиҷорати озод миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эронро имзо кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Путин созишномаи тиҷорати озод миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эронро имзо кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Путин созишномаи тиҷорати озод миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эронро имзо кард

Нашр шуд

Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин қонун дар бораи тасвиби созишномаи тиҷорати озод миёни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эронро имзо кард, хабар медиҳад ожонси иттилоотии Интерфакс.

Зикр мешавад, ки созишномаи мазкур 25 декабри соли 2023 дар Санкт-Петербург ба имзо расид. Ин санад қоидаҳои асосии тиҷорат байни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эронро муайян мекунад.

“Созишномаҳои нав тақрибан тамоми содироти Русияро дар бар мегирад ва шартҳои тиҷорати моро ба таври назаррас беҳтар мекунанд", - гуфта буд қаблан Владимир Иличев, муовини вазири рушди иқтисоди Русия.

Тибқи иттилои ин ниҳод, ки айни замон имтиёзҳо тақрибан 60% содироти молҳои Русияро фаро мегиранд, ки ба Эрон бо боҷҳои паст ворид мешаванд.

Дар идома гуфта мешавад, ки ба шарофати созиши муваққатӣ, тиҷорати Русия бо Эрон дар чаҳор сол ду баробар афзоиш ёфта, аз 2,1 миллиард доллар дар соли 2019 то ба 4,1 миллиард доллар дар соли 2023 зиёд шуд.

Дар баробари ин гуфта, мешавад, ки пас аз қабули созишнома ҳаҷми миёнаи боҷҳо барои маҳсулоти Русия тақрибан чаҳор маротиба (то 4,5 %) коҳиш ёфта, барои аксари молҳо бошад сифр хоҳад шуд. Аз ҷумла маҳсулоти филизӣ, таҷҳизоти электрикӣ, мошинҳо ва таҷхизоти барқӣ, таҷҳизоти механикӣ, чӯбу тахта, махсулоти кимиёвӣ, қубурҳо, гӯшти чорво, маҳсулоти қаннодӣ, қанд ва ғайра ба ин намуди молҳо дохил мешаванд.

Ба гуфтаи Владимир Иличев, ҳамаи ин имкон медихад, ки корхонаҳои кишвараш дар як сол то 300 миллион доллар сарфа кунанд.

Дар баробари ин, созишномаи мазкур ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷ, коркард ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, самаранокии энергетикӣ, тадқиқот ва навоварӣ, маориф, тиб, нақлиёт, аз ҷумла рушди зерсохтҳои интиқолоти мултимодалӣ, иртботот, зерсохти нақлиёту логистика ва долонҳои нақлиётиро низ дар бар мегирад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед