Ru  | Tj
Путин: “Тоҷикистон ҳамкори хуб ва ҳампаймони боэътимоди Русия аст”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Путин: “Тоҷикистон ҳамкори хуб ва ҳампаймони боэътимоди Русия аст”
Акс: Интернет

Путин: “Тоҷикистон ҳамкори хуб ва ҳампаймони боэътимоди Русия аст”

Нашр шуд

1-уми декабр Президенти Русия аз 20 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода эътимоднома қабул кард.

Президенти Русия зимни суханронии худ нуктаҳои асосии равобити Русия ва давлатҳоеро, ки сафирони нав намояндагӣ мекунанд, таъкид намуд.

Дар ин сӯханронӣ раисҷумҳури Русия ба паҳлӯҳои гуногуни робитаи Тоҷикистону Русия низ ишора карда ва Тоҷикистонро муттаҳиди воқеъии Русия хонд.

“Соли 2022 ба барқарории равобити дипломатӣ бо Тоҷикистон — дӯсти нек ва ҳампаймони боэътимоди Русия 30 сол пур мешавад” – чунин гуфт, Президенти  Русия Владимир Путин.

Ба гуфтаи Президенти Русия имсол дӯстони тоҷикистонӣ раёсати худро дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муваффақона анҷом додаанд. 

Ҷаноби Путин бо дарки хатар аз марзҳои ҷанубии Тоҷикистон ба кӯмакҳои бештари амниятӣ ба Душанбе таъкид намуда, ҳамчунин чунин гуфтааст:

“Бо дарназардошти вазъи душвор дар Афғонистони ҳамсоя, Русия ба дӯстони тоҷикистонӣ дар самти таъмини амният, аз ҷумла тавассути барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мусоидат менамояд”.

Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин дар ин рӯз дар толори Александровскийи Қасри калони Кремл аз 20 сафири тозамансуб, аз ҷумла Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода эътимоднома қабул кардааст. 


Путин гуфт, ки навсозии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба хотири таъмини амният аст




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед