Ru  | Tj
Киноҳои Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе намоиш дода мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Киноҳои Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе намоиш дода мешавад

Киноҳои Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе намоиш дода мешавад

Нашр шуд

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” аз 28-уми апрел то 1-уми майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад.

Дар ин чорабинии синамоӣ 3 филми ҳунарӣ - «Илҳоқ», «Исёни арӯсон» ва «Хобҳои беранг», 3 филми мустанад - «Посдори иттиҳод», «Қалби мардум» ва «Зери самои ягона» ва як филми тасвирии «Сандуқи сеҳрнок», ки маҳсули эҷоди синамогарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ба намоиш гузошта мешавад.

Бино ба иттилоъ намоиши филмҳо дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ва Зебуннисо ба нақша гирифта шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед