Ru  | Tj
Рӯзи Рӯдакӣ. Дар Душанбе нашри нави китоби Саид Нафисӣ муаррифӣ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рӯзи Рӯдакӣ. Дар Душанбе нашри нави китоби Саид Нафисӣ муаррифӣ мешавад
Акс: Интернет

Рӯзи Рӯдакӣ. Дар Душанбе нашри нави китоби Саид Нафисӣ муаррифӣ мешавад

Нашр шуд

Имрӯз дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ нашри нави китоби Саид Нафисӣ - "Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ" муаррифӣ мешавад.

Ба гузориши Halva.tj, баъд аз зуҳри имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамоии нашри нави асари арзишманди Саид Нафисӣ ба номи "Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ" баргузор мегардад.

Ҳамчунин, дар ин маҳфил намоиши барномаҳои ҳунариву фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ дар назар аст.

Дар ин баробар, имрӯз дар аксар пажӯҳишгоҳ ва муассисаҳои олии таълимӣ, макотиби миëна ва корхонаҳо ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ маҳфилҳои вижа доир мегарданд.

Бист сол аст, ки дар Тоҷикистон 22-юми сентябр чун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад. Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2002 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар ин бобат илова ворид шуда буд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз бузургтарин суханварони таърихи адабиëти ҷаҳон ва Сардафтари адабиëти классикии тоҷику форс аст.

Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мегардад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед