Ru  | Tj
Раҷаббой Аҳмадзода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Русия дидор намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҷаббой Аҳмадзода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Русия дидор намуд
Акс: РБК

Раҷаббой Аҳмадзода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Русия дидор намуд

Нашр шуд

Рӯзи 10-уми апрели соли 2022 ҳайати соҳибкорони рус бо роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов ба вилояти Суғди Тоҷикистон сафари корӣ анҷом додаанд.

Тавре Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, зимни мулоқот ҳар ду ҷониб хостори тақвият додани ҳамкориҳо ва зиёд намудани табодули молу маҳсулот шудаанд.

Таъкид мегардад, ки Аҳмадзода ба ҳамсӯҳбати худ пешниҳоди таъсис додани корхонаҳои муштараки тиҷоратӣ кардааст.

Анатолий Голтсов пешниҳоди раиси вилоятро дар масъалаи густариш додани робитаҳо дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ қобили эътироф арзёбӣ намуда, қайд кардааст, ки вилояти Липетск ба боло бурдани додугирифти тиҷоратӣ омода аст ва дар Русия ба хариди меваю сабзавоти Тоҷикистон ҳавасманд мебошад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аз якчанд созишномаи мавҷубудаи миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск хотиррасон шуда, ба мувофиқа расидаанд, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии вилоятҳо дар доираи ин санадҳо минбаъд низ тавсеа дода мешаванд.

Қобили қайд аст, ки дар 3 моҳи соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 891,7 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 111,8 фоиз таъмин гардид.


Дидори Сафир бо Дабири кулл ва баррасии равобити Тоҷикистон бо кишварҳои Халиҷ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед