Ru  | Tj
Раҷабмад Амиров собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон даргузашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҷабмад Амиров собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон даргузашт
Акс: Интернет

Раҷабмад Амиров собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон даргузашт

Нашр шуд

Имрӯз дар синни 67 солагӣ собиқ вазири фарҳанги кишвар Раҷабмад Амиров бо сабаби беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Раҷабмад Амиров солҳои 2004-2007 ба ҳайси вазири фарҳанг фаъолит дошт. Баъд аз фаъолият ба сифати вазир Раҷабмад Амиров ба вазифаи ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъин гардида буд.

Ӯ соли 1954 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Раҷабмад Амиров соли 1974 ӯ Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм намуд. Баъдан дар донишгоҳ ба сифати омӯзгор фаъолиятро оғоз намуда, пасон аспиранти Донишкадаи давлатии санъати Ленинград, декани яке аз факултаҳои донишкада, муовини ректор оид ба илм ва билохира то ба мақоми ректори ин донишкада расид.

Аз соли 2001 то соли 2004 Амиров муовини аввали вазири фарҳанг буда, пасон то моли 2007 роҳбарии ин вазоратро ба ӯҳда дошт.

Раҷамад Амиров дар соҳаи фарҳанг муаллифи беш аз 100 корҳои илмӣ ва мақолаҳо буда, соли 2005 ба гирифтани Ордени ба номи Исмоили Сомонӣ дараҷаи II мушарраф гардид.

Марҳум номзади илмҳои педагогӣ, профессор, Ходими фарҳаги Тоҷикистон ва аъзои Академияи байналмиллалии иттилоот буд.



Даргузашти ҳунарманди маъруфи тоҷик дар студия


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед