Ru  | Tj
Раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ: Мо танҳо гузошта шудаем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ: Мо танҳо гузошта шудаем
Акс: аз манбаъҳои боз

Раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ: Мо танҳо гузошта шудаем

Нашр шуд

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон, мегӯяд, ки ин ҷабҳаро ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо гузоштааст.

Аҳмад Масъуд, ки рӯзи 27 август дар нишасти пажӯҳишгоҳи "Ҳадсон" онлайнӣ суханронӣ намуд, аз бархӯрди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Толибон* интиқод кард ва гуфт, ки кишварҳо дар се соли гузашта бидуни шарту шароит бо ин гурӯҳ ҳамкорӣ кардаанд.

Дар ин бора шабакаи хабарии “8-и субҳ” иттилоъ медиҳад.
"Мо дар Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ ягона нерӯе ҳастем, ки ҷанги ҷаҳонӣ алайҳи терроризмро дар Афғонистон идома медиҳад. Мутаассифона, мо то ин дам танҳо будем. Мо танҳо мондаем ва фаромӯш шудаем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Масъуд, ҳарчанд ин ҷабҳа танҳо мондааст, аммо ӯ барои зиндагии беҳтар аз ҳуқуқи мардум дифоъ хоҳад кард.

Ба гуфтаи раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ, Толибон* метавонад кишварро таҳти назорат дошта бошад, аммо ин гурӯҳ иродаи мардуми Афғонистонро бозгӯ намекунад.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки пас аз дубора ба сари қудрат омадани Толибон* дар Афғонистон, мардум бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва иҷтимоӣ мубориза мебаранд ва бесаброна мунтазири поёни режими ин гурӯҳ ҳастанд.

Ба гуфтаи Масъуд дар ин нишаст, Толибон* аз "хастагӣ"-и кишварҳои ҷаҳон дар қиболи масоили Афғонистон барои амалӣ кардани сиёсатҳои хашини худ нисбат ба шаҳрвандони ин кишвар, ба хусус занон, истифода мекунанд.

Масъуд аз дигар чеҳраҳо ва аҳзоби сиёсии Афғонистон хостааст, ки алайҳи Толибон* муттаҳид шаванд ва заминаи ташкили ҳукумати фарогир дар ин кишварро фароҳам кунанд.

Дар баробари ин раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон, гуфт, дар ин кишвар беш аз 21 гурӯҳи террористӣ фаъолият доранд ва ҳазорон ҷангҷӯи террористии хориҷӣ аз Толибон* ҳимоят карда ва кумак мегиранд.

Ба гуфтаи Масъуд, идомаи вазъи кунунӣ боиси бесуботии бештар дар минтақа, ҳамсояҳо, Афғонистон ва ҷаҳон хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар як гузориш гуфт, ки гурӯҳҳои террористӣ қаламрави Афғонистонро фазои амн барои худ медонанд.

Бояд гуфт, ки Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ ҳудуди се сол пеш баъди суқути низоми ҷумҳурӣ дар Афғонистон, барои мубориза бо Толибон* ташкил шуда буд. Аъзои ин ин ҷабҳа дар се соли ахир чандин ҳамла ба нерӯҳои Толибон* дар Афғонистон анҷом додаанд.


 *-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед