Ru  | Tj
Раҳбари Эрон фармони таъйини раисҷумҳури нави ин кишварро имзо кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳбари Эрон фармони таъйини раисҷумҳури нави ин кишварро имзо кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Раҳбари Эрон фармони таъйини раисҷумҳури нави ин кишварро имзо кард

Нашр шуд

Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон бо судури як фармон Масъуд Пизишкиёнро раисҷумҳури ин кишвар таъйин кард.

 Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Алии Хоманаӣ раҳбари Эрон зимни як маросим дар Теҳрон бо ҳузури мақомоти аршади сиёсӣ ва низомӣ, ҳукми таъйин ба симати раисҷумҳури Эронро ба Масъуд Пизишкиён супурд.

Бар асоси Қонуни асосии Эрон, раисиҷумҳури интихобшуда пас аз имзои фармони раҳбари ин кишвар расман раисҷумҳур мешавад.

Рӯзи 29 июл Масъуд Пизишкиён ба унвони раисҷумҳури 14-уми Эрон расман ба кори худ шуруъ кард.

Қарор аст, маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён рӯзи 30 июл дар порлумони Эрон баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол Пизишкиён дар нахустин фармони худ ба унвони раисҷумҳури Эрон сиёсатмадори ислоҳталаб Муҳаммадризо Орифро муовини аввал ва Мӯҳсин Ҳоҷӣ Мирзоиро раиси дастгоҳи раисҷумҳур таъйин кард.

Бояд гуфт, ки пас аз даргузашти Иброҳим Раисӣ раисҷумҳури Эрон, дар ин кишвар ду даври интихобот баргузор шуд ва Масъуд Пизишкиён намояндаи ҷиноҳи ислоҳталабон бо касби беш аз 16 миллион раъй баранда эълон шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед