Ru  | Tj
Раҳбари нави "Ҳизбуллоҳ": Кумак ба Ғазза ва мубориза бо Исроилро идома хоҳем дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳбари нави "Ҳизбуллоҳ": Кумак ба Ғазза ва мубориза бо Исроилро идома хоҳем дод
Акс: аз манбаъҳои боз

Раҳбари нави "Ҳизбуллоҳ": Кумак ба Ғазза ва мубориза бо Исроилро идома хоҳем дод

Нашр шуд

Наим Қосим, дабири кулли нави "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон дар нахустин суханронии худ гуфт, ин гуруҳ кумак ба Ғазза ва мубориза бо Исроилро идома хоҳад дод.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира, Наим Қосим дар суханронии рӯзи 30 октябр гуфт: "Ёрӣ додан ба Ғазза вазифаи мост ва мо аз он дифоъ мекунем, то бо таҳдиди Исроил ба тамоми минтақа муқовимат кунем".

Вай гуфт, онҳо бо як тарҳи бузурге барои минтақа рӯбарӯ ҳастанд, ки бо Лубнон ва Ғазза маҳдуд намешавад, балки як “ҷанги ҷаҳонӣ” алайҳи “муқовимат” аст ва Амрикову Аврупо низ дар он ширкат доранд.

Дабири кулли нав дар суханронии худ аз раҳбарони кушташудаи Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос ситоиш кард ва гуфт, ки роҳи сиёсии Ҳасан Насруллоҳро идома медиҳад.

Вай афзуд, ки Исроил қасд дорад дар Лубнон шаҳракҳо бунёд кунад, аммо ин гуруҳ қодир аст, ки онҳоро ақиб ронад.

Дар ин суханронии худ Наим Қосим инчунин ба иттиҳоми гуруҳи ниёбатии Эрон будан вокуниш нишон дод.

"Ҳеҷ кас аз номи мо намеҷангад ва мо аз номи касе намеҷангем, лоиҳаи мо ҳифзи Ватан ва дифоъ аз кишвар аст", - гуфт вай.

Дабири кулли ҷадиди "Ҳизбуллоҳ" афзуд, ки Эрон аз ин гуруҳ ҳимоят мекунад, аммо аз онҳо чизе талаб намекунад ва афзуд, ҳар кишвари арабӣ ва исломӣ, ки мехоҳад аз онҳо ҳимоят кунад, аз ин истиқбол хоҳад кард.

"Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон Наим Қосимро рӯзи 29 октябр тақрибан як моҳ пас аз кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар ҷануби Бейрут, ба унвони дабири кулли худ интихоб кард.

Наим Қосим аз соли 1991 то кунун муовини дабири кулли "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон буд ва ҳамзамон аз муассисони ин гуруҳ аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед