Ru  | Tj
Раҳбарони парлумонҳои ИДМ дар Санкт-Петербург ҷамъ мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳбарони парлумонҳои ИДМ дар Санкт-Петербург ҷамъ мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Раҳбарони парлумонҳои ИДМ дар Санкт-Петербург ҷамъ мешаванд

Нашр шуд

Рӯзи 12 июл дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Шӯрои Маҷмааи байнипарлумонии ИДМ баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти ин шӯро хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки ҷаласаи мазкур дар қароргоҳи Шӯрои Маҷмааи байнипарлумонии  ИДМ – Қасри Таврид таҳти раёсати Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия баргузор мешавад.

Дар ин нишаст, аз ҷумла, раисони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат хоҳанд кард. Аз ҷониби Қазоқистон дар ин нишаст Маулен Ашимбоев раиси Сенат ва Айгул Куспан раиси Кумитаи умури байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти Маҷлис, аз Қирғизистон –  Нурланбек Шакиев раиси парлумон, аз Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода раиси Маҷлиси намояндагон ва аз Узбекистон Танзила Норбоева раиси сенат ҳузур хоҳанд дошт.

Дар баробари ин Русияро дар ин ҷаласа ба ҷуз аз Валентина Матвиенко, муовини раиси Думаи давлатӣ Иван Мелников намояндагӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа кори Маҷмааи байнипарлумонии ИДМ дар соли 2023 натиҷагирӣ хоҳад шуд.

Дар баробари ин дар ҷаласа натиҷаи ширкати нозирони байнулмилалӣ аз Маҷмааи байнипарлумонии ИДМ дар арзёбии интихоботи пеш аз муҳлати президентии Озарбойҷон, интихоботи парлумонии Беларус, инчунин интихоботи президенти Русияро баррасӣ мекунанд.

Ҳамзамон Дмитрий Кобитский, дабири кулли Шурои Маҷмааи байнипарлумонии ИДМ дар бораи омодагии нозирони байналмилалии ин маҷмаа барои назорати интихоботи палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон гузориш хоҳад дод.

Дар баробари ин аъзои шуро номзад барои дарёфти ҷоизаи Маҷмааи байнипарлумонии ИДМ ба номи Чингиз Айтматов дар соли 2024-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Илова бар ин, раҳбарони парлумонҳо ИДМ низомнома дар бораи мақоми нозирон дар маҷмааи байнипарлумониро баррасӣ карда, масъалаи иштироки онҳо дар назорати  интихоботҳо низ муайян мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед