Ru  | Tj
Рақибони “Истиқлол” дар даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё муайян шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рақибони “Истиқлол” дар даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё муайян шуданд
Акс: Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон

Рақибони “Истиқлол” дар даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё муайян шуданд

Нашр шуд

Дирӯз дар Малайзия дар натиҷаи қуръакашӣ рақибони тими “Истиқлол”-и Душанбе дар даври гурӯҳии Лигаи қарамонҳои Осиё маълум шуданд.

Ба иттилои Федератсияи Футболи Тоҷикистон, 17-уми январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала Лумпури Малайзия қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳамронҳои Осиё баргузор гардид.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин қуръакашӣ дастаи “Истиқлол”-и Душанбе вориди гурӯҳи “А” шуд ва имсол барои баромадан ба даври ҳаштякниҳоӣ бо дастаҳои “Ал-Ҳилол”-и Саудӣ, “Ал-Райян”-и Қатар ва инчунин ғолиби бозии плей-офф миёни тимҳои“Шарҷа”-и АМА ва “Ал-Завраа”-и Ироқ сабқат хоҳад кард.

Бозиҳои даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар минтақаи ғарбӣ аз 7-ум то 27-уми апрел баргузор хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, аз рӯи низомномаи ин мусобиқа ба даври ҳаштякниҳоӣ панҷ дастае, ки дар гурӯҳҳо ғолиб омадаанд ва се тим аз ҷойҳои дуюм, ки беҳтарин натиҷаҳоро доранд, роҳхат пайдо мекунанд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дастаи “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 бо касби мақоми аввал дар гурӯҳи “А” ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфта буд.

Аммо дар ҳаштякниҳоӣ аз тими “Персиполис” – и Эрон шикаст хӯрд ва аз идомаи сабқат маҳрум шуд. Аммо коршиносони варзиш баромадан аз марҳилаи гурӯҳиро барои “Истиқлол” як дастоварди хуб номида буданд.


"Истиқлол" дар бозии аввалини Лигаи қаҳрамонони КФО-2021 бо АМА мусовӣ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед