Ru  | Tj
Рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 муайян шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 муайян шуданд
Акс: Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон

Рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 муайян шуданд

Нашр шуд

Маълум шуд, ки тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо кадом дастаҳо вориди рақобат мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар пайи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 тими мунтахаби футзали кишвар вориди гурӯҳи “В” гардида, бо дастаҳои Ӯзбекистон, Афғонистон ва Непал бозӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, аз минтақаи ҷанубӣ ва марказии Осиё ду гурӯҳ ташкил ёфта, дар гурӯҳи “А” тимҳои Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив байни ҳам рақоабт мекунанд.

Манбаъ меафзояд, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат дарёфт мекунанд.

Бояд гуфт, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 моҳи апрел дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон ва марҳилаи ниҳоӣ моҳҳои сентябр-октябри имсол дар Кувайт баргузор мешавад.

Мунтахаби футзали Тоҷикистонро бархе коршиносони варзиш аз тимҳои бартари ин мусобиқа медонанд. Соли гузашта тими футлази кишвар дар бозиҳои рафиқона дастаҳои Арабистони Саудӣ, Малайзия ва Кувайтро шикаст дода буд.


“Персиполис”-и Теҳрон ду футболбози ҷавони тими “Истиқлол”-и Душанберо харид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед