Ru  | Tj
Раҳими ғармӣ дар ноҳияи Рашт мактаб сохт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳими ғармӣ дар ноҳияи Рашт мактаб сохт
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Раҳими ғармӣ дар ноҳияи Рашт мактаб сохт

Нашр шуд

Соҳибкори шинохтаи тоҷик Раҳим Бобоҷонов, ки бо номи Раҳими ғармӣ маъруф аст, дар ноҳияи Рашт як мактаби таҳсилоти умумии муосир бунёд кард.

Рӯзи 13 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар деҳаи Поҷеи поёни Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-ро мавриди истифода қарор дод.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии раҳбари Тоҷикистон, ин муассисаи таълимӣ аз ду ошёна, синфхонаҳои замонавӣ ва таҳхона иборат буда, барои 780 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 дар асоси лоиҳаи муосир мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ сохта шуда, хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фанҳои химия, физика, биология, технологияи иттилоотӣ ва дигар синфхонаҳо илмҳои дақиқ омӯзанд.


Дар синфхонаи технология хонандагон бо истифода аз имконоти ҳозиразамон ҳунарҳои гуногунро аз овони мактабӣ аз худ мекунанд. Инчунин барои омӯзиши касби дӯзандагӣ ва ҳунари пазандагӣ синфхонаҳои алоҳида барои духтарон пешбинӣ шудааст.

Зикр мешавад, ки соли ҷорӣ ба хотири баланд бардоштани сифати таълими забони англисӣ дар ноҳияи Рашт 15 нафар омӯзгорони ҷавон аз дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷалб карда шудаанд.

Гуфта мешавад, ки бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 бо ташаббуси сокини ноҳияи Рашт Муҳиб Бобоҷонов (падари Раҳим Бобоҷонов) дар якҷоягӣ бо фарзандони саховатпеша сохта шудааст.

Дар баробари ин хонаводаи соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов дар деҳаи Поҷеи поён як муассисаи томактабӣ барои 300 нафар низ бунёд хоҳад кард.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов дар корҳои ободонии ноҳияи Рашт, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, овардани оби нӯшокӣ саҳмгузорӣ намудааст. Аз ҷумла роҳи деҳаи Поҷеи поён бо дарозии зиёда аз 5 километр низ аз ҷониби онҳо асфалтпӯш карда шудааст.

Ҳамзамон соҳибкорон бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон уҳдадорӣ гирифтанд, ки барои бунёди меҳмонхонаву осоишгоҳҳо дар ноҳияи Рашт, аз ҷумла дар дараи овозадори Камароб саҳмгузор мешаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед