Ru  | Tj
Раҳимзода аз Зевди хост, ки барои фароҳамсозии шароит ба гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон кумак намояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳимзода аз Зевди хост, ки барои фароҳамсозии шароит ба гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон кумак намояд
Акс: ASIA-Plus

Раҳимзода аз Зевди хост, ки барои фароҳамсозии шароит ба гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон кумак намояд

Нашр шуд

Раҳимзода гуфт, ки давоми бист соли ахир аз ҷониби ягон созмони байналмилалӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо кумаке ироа нашудааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимзода ин матлабро дирӯз дар мулоқоти худ бо Роҳбари намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (UNHCR) Мулугета Зевди зикр намудаву таъкид доштааст, ки бинобар ин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон вуҷуд надорад.

Манбаъ мегӯяд, ки дар дидори Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Мулугета Зевди масоили тақвияти ҳамкорӣ дар самти кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз Афғонистон, инчунин роҳҳои муфиди ҳифзи ин гурӯҳи осебпазири аҳолӣ ва расонидани кумак ба онҳо баррасӣ шудааст.

Вазири тоҷик иброз намудааст, ки танҳо дар 15 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3000 оилаҳои гурезаҳои афғон ба қайд гирифта шудаанд, ки шумораи аҳли оилаи онҳо 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар давраи ғасби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 5000 хизматчии ҳарбии ин кишвар, ки ақибнишинӣ намуданд, давоми як ҳафта дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити мусоид таъмин карда шуда, сипас бо роҳи осоишта ба ватан баргардонида шуданд.

Рамазон Раҳимзода таъкид доштааст, ки дар мадди аввал барои таъмиру бозсозии «Маркази муваққатии қабул ва бақайдгирии гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои қабул ва ҷобаҷокунии гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда кумаки Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид зарур аст.

Бояд гуфт, ки дар пайи ғасби ҳукумат дар Афғонистон* (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо) дубора шумори гурезаҳо ва онҳое, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд, бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Қаблан аз ҷониби Тоҷикистон бо мақсади сохтани лагерҳо барои қабули гурезагон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритус, Фархор, Шоҳин ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 га замин, ки сохтани инфрасохтори мутобиқро тақозо менамояд, ҷудо карда шуда, ба ташкилоту созмонҳои дахлдор барои кумак манзур шуда буд.

Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон аз СПАД кӯмак дархост кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед