Ru  | Tj
Раҳимзода бо Сафири Туркия тақвияти муборизаи муштарак бо терроризмро баррасӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳимзода бо Сафири Туркия тақвияти муборизаи муштарак бо терроризмро баррасӣ кард
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳимзода бо Сафири Туркия тақвияти муборизаи муштарак бо терроризмро баррасӣ кард

Нашр шуд

Раҳимзода бо Сафири Туркия тақвияти муборизаи муштарак бо терроризмро баррасӣ кард

Дар мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Сафири тозамансуби Туркия дар Душанбе масоили тақвияти мубориза бо терроризм ва мубодилаи иттилооти фаврӣ баррасӣ шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар дидори Рамазон Раҳимзода бо Эмре Зеки Карагёл, ки рӯзи шанбе, 24-уми июл дар Душанбе баргузор гардид, масъалаҳои тақвияти ҳамкории ду кишвар дар самти мубориза бар терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва хариду фурӯши одамон мавриди мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Ҳамчунин Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёлро ба муносибати таъин шуданаш ба ин мақом табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти дипломатӣ барор хостааст.

Манбаъ афзудааст, ки тарафҳо ҳамчунин доир ба мубодилаи иттилооти фаврӣ ва дигар мавзӯъҳои ба он вобаста ва пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳ кардаанд.

Лозим ба зикр аст, ки Тоҷикистон бо Туркия муносибатҳои хуби дӯстона дорад. Моҳи гузашта Хулусӣ Акар, вазири мудофиаи ин кишвар пас аз мулоқоташ бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гуфта буд, ки “мо Тоҷикистонро шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ меҳисобем”.

Вазири турк ҳамчунин аз сафари қарибулвуқуи Раҷаб Эрдуғон ба Душанбе хабар додаву изҳори бовар карда буд, ки мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони сатҳи олии ҳарду кишвар ба густариши ҳамкориҳо такони тоза мебахшанд.

Тоҷикистон Афғонистонро дар мубориза бар террористон дастгирӣ мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед