Ru  | Tj
Раҳимзода дар Тошканд бо ҳамтоëни худ аз Узбекистону Қирғизистону Ҳинд мулоқот кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳимзода дар Тошканд бо ҳамтоëни худ аз Узбекистону Қирғизистону Ҳинд мулоқот кард
Акс: Хадамоти матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳимзода дар Тошканд бо ҳамтоëни худ аз Узбекистону Қирғизистону Ҳинд мулоқот кард

Нашр шуд

Рамазон Раҳимзода дар ҳошияи ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Тошканд чандин мулоқоти дуҷониба анҷом дод.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар шаҳри Тошканд Рамазон Раҳимзода бо ҳамтоëни худ аз Узбекистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон дидору гуфтугӯ кард.

Манбаъ афзудааст, дар мулоқоти Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Улан Ниязбеков, Марат Ахмеджанов ва Нитянанд Рай масоили ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҷустуҷӯи ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва амнияти иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Рамазон Раҳимзода ҳамчунин, бо ҳамтоëни узбеку қирғиз ва ҳиндии худ масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилиро муҳокима кардааст.

Рамазон Раҳимзода дирӯз ба манзури ширкат дар ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тошканд рафта буд.

Дар ин нишаст вазирони корҳои дохилии узви созмон масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм, ифротгароиву сепаратизм ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро муҳокима кардаву дар хотима аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа протокол ба имзо расониданд.


Баррасии равобити ҳавоии Тоҷикистону Русия дар онлайн мулоқот


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед