Ru  | Tj
Раҳимзода ва Сафири Фаронса пешгирии ҷинояткории фаромиллиро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳимзода ва Сафири Фаронса пешгирии ҷинояткории фаромиллиро баррасӣ карданд
Акс: Интернет

Раҳимзода ва Сафири Фаронса пешгирии ҷинояткории фаромиллиро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Сафири Фаронса дар Душанберо ба ҳузур пазируфтаву бо вай мулоқот анҷом дод.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дирӯз Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Душанбе Мишел Тарран  дидору гуфтугӯ кард.

Манбаъ мегӯяд, дар ин дидор тарафҳо  масоили мубрами ҳамкорӣ дар заминаи амнияту низом, аз қабили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин, Раҳимзода ва Тарран перомуни муқобила  ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастҷамъона дар ин самт табодули назар кардаанд.

Рамазон Раҳимзода дар чанд моҳи ахир бо бисëре аз сафирону намояндагони кишварҳои хориҷа дар Душанбе мулоқот анҷом додаву масоили мубориза бо хатарҳои терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккилро баррасӣ кардааст.

Тоҷикистон борҳо гуфтааст, ки Фаронса аз муҳимтарин шарикони кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо аст.


Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, то дар моҳи Рамазон бозори истеъмолии мамлакатро бо маводи ниёзи аввал пурра таъмин намоянд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед