Ru  | Tj
Раҳматзода: Бояд маҳсулоте тавлид кунем, ки Русия ба онҳо ниëз дорад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳматзода: Бояд маҳсулоте тавлид кунем, ки Русия ба онҳо ниëз дорад
Акс: Интернет

Раҳматзода: Бояд маҳсулоте тавлид кунем, ки Русия ба онҳо ниëз дорад

Нашр шуд

Профессори иқтисод ва вакили Парлумони Тоҷикистон гуфт, ки бояд дар кишвар ба истеҳсоли маҳсулоте, ки бозорҳои Русия ба онҳо ниëз доранд, оғоз намоянд.

Ба гузориши "Ховар", Рустам Раҳматзода, профессори риштаи иқтисод, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар суҳбат бо ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки имрӯз Ҳукумати кишвар ва соҳибкоронро зарур аст, ки аз вазъи кунунии иқтисоди ҷаҳон истифода карда, барномаи махсусе таҳия намоянд.

Раҳматзода зикр кардааст, ки ҳоло дақиқан он замонест, ки бояд Тоҷикистон иқтисоди худро диверсификатсия кунад ва ба истеҳсоли маҳсулоте оғоз намояд, ки дар Русия ба он ниёзи бештар доранд. 

Вай дар тавзеҳи ин матлаб таъкид доштааст, ҳоло ба таври васеъ бояд содироти он маҳсулотеро ба роҳ монд, ки тавонанд молҳоеро, ки айни замон ба Русия аз кишварҳои Аврупову хориҷ ворид намешаванд, иваз намоянд. 

Профессори тоҷик афзудааст, ки албатта, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар ҳар сурат ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад, зеро ҳамасола аз дигар кишварҳо дар ҳаҷми зиёд ғалла, орд ва шакар ворид мегардад. 

Аммо вай изҳори итминон кардааст, ки Тоҷикистон  муваффақона аз ин буҳрони ҷаҳонӣ берун хоҳад омад, зеро имрӯз бисёр молҳои зарурӣ дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд.

Бояд гуфт, ки бештари маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия содирот мешавад ва соли гузашта сатҳи тиҷорати ду кишвар ба нишондиҳандаҳои рекордӣ расида буд. 

Тоҷикистон ба Русия бештар хушкмева ва сабзавоту меваҷот содирот мекунад.


Бонки Ҷаҳонӣ: 70%-и афғонҳо имкони қонеъ гардонидани ниёзҳои аввалияи худро надоранд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед