Ru  | Tj
Раҳмон ҳамкорӣ бо Олмонро аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон хонд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳмон ҳамкорӣ бо Олмонро аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон хонд
Акс: Интернет

Раҳмон ҳамкорӣ бо Олмонро аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон хонд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паёме интихоби муҷаддади Франк-Валтер Штайнмайер ба симмати раисиҷумҳури Олмонро ба вай табрик гуфт.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дирӯз ба Франк-Валтер Штайнмер номаи тарбик фиристодаву дар он вайро ба муносибати муҷаддадан ба симмати Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон интихоб шуданаш табрик намудааст. 

Сарвари давлат дар ин паём таъкид доштааст, ки густариши равобити дӯстона ва ҳамкории гуногунарсаи судманд бо Олмон аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад ва Душанбе ба рушди пайвастаи онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Раҳмон аз раванди тақвияти муносиботи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардаву зикр намудааст, ки ба роҳ мондани мулоқоту тамосҳои сатҳи олии дуҷониба барои рушди бештари равобити неки Тоҷикистону Олмон мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин ба ҳамтои олмонияш сиҳатии комилу пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Олмон  сулҳу амонӣ ва пешрафту саодат орзу кардааст. 

Ҳабдаҳумин интихоботи президентии Олмон рӯзи 13-уми феврал баргузор гардид ва дар он 1045 нафар аз 1472 узви Шӯрои федеролӣ ба тарафдории Штанмайер овоз доданд.  

Гуфта мешавад, дар ин интихобот ба ҷуз аз Штанмайер боз се нафари дигар номзад ба симмати раисиҷумҳури Олмон будаанд. 

Штанмайер бори аввал моҳи марти соли 2017 Президенти кишвараш интихоб гардида буд. Вай пеш аз ин ду навбат Вазири корҳои хориҷии Олмон низ буд.


Роҳбари нави Намояндагии Барномаи рушди СММ ба Душанбе омад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед