Ru  | Tj
Раҳмон аз Пашинян даъват ба амал овард, ки масоили марзиро бо роҳи гуфтугӯ ҳал намоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳмон аз Пашинян даъват ба амал овард, ки масоили марзиро бо роҳи гуфтугӯ ҳал намоянд
Акс: Sputnik

Раҳмон аз Пашинян даъват ба амал овард, ки масоили марзиро бо роҳи гуфтугӯ ҳал намоянд

Нашр шуд

Никол Пашинян, Сарвазири Арманистон дирӯз бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. 

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар додааст, ки дар ин сӯҳбат Пашинян ба ҳайси Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Эмомалӣ Раҳмон дар бобати вазъияти баамаломада дар марзи Арманистону Озорбойҷон иттилоъ додааст. 

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷонибҳо даъват ба амал овардааст, ки тавофуқоти ҳосилшударо риоя намуда, ихтилофу низоъро бо роҳи гуфтугӯҳои дипломативу сиёсӣ ҳал кунанд. 

Сӯҳбати телефонии Раҳмону Пашинян дар ҳоле сурат мегирад, ки ба навиштаи РИА Новости, Арарат Мирзоян, Вазири корҳои хориҷии Арманистон дирӯз дар як мулоқот бо намояндагони дипломатии муқими кишвараш гуфт, ки низомиёни Озорбойҷон ба қаламрави Арманистон ворид шудаанд. Тарафҳо ҳамчунин аз ҳалокат ва маҷрӯҳ шудани сарбозҳои худ хабар доданд. 

Чандин муддат аст, ки ташаннуҷи авзоъ дар марзи Арманистону Озорбойҷон боқӣ мемонад. 

Аммо дирӯз Пашинян дар парлумони кишвараш таъкид намуд, ки Ереван ҳамеша ба Боку бастани созишномаи оштиро пешниҳод кардаву мекунад. 

Қадами дигар дар ҳалли масоили марзӣ. Содир Ҷабборов ба Душанбе меояд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед