Ru  | Tj
Раҳмон ба СПАД барои тасвиби барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон сипос гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳмон ба СПАД барои тасвиби барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон сипос гуфт
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Раҳмон ба СПАД барои тасвиби барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон сипос гуфт

Нашр шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба раёсати ояндаи Қирғизистон дар СПАД муваффақият таманно кард.

Дар кори ҷаласа роҳбарони Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дабири кулли Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 28 ноябр зимни суханронӣ дар Остона дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД ба аъзои он барои тасвиби барномаи таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон изҳори сипос кард.

"Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқи Барномаи байнидавлатии ҳадафманди СПАД дар заминаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос намуд",- гуфта мешавад дар хабари хадамоти матбуотии раҳбари Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба таъсири манфии ташдиди вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон ба кишварҳои узви СПАД ҷалб намуда, гуфт, ки “ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи имрӯза воқеияти кунуниро инъикос мекунанд ва мо ҷонибдори қабули қарорҳои муносиб доир ба онҳо ҳастем».

Дар баробари ин раисҷумҳури Тоҷикистон ба раёсати ояндаи Қирғизистон дар СПАД комёбӣ таммано карда, афзуд, ки Тоҷикистон ба кори муштараки босамар бо кишвари ҳамсоя омода буда, ҷиҳати иҷрои нақшаҳои барои давраи раёсат муайяншуда ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Дар поёни мулоқот сарони давлатҳо 14 санад, аз ҷумла эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ, қарор дар бораи тасдиқи Барномаи байнидавлатии СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба имзо расониданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед