Ru  | Tj
Раҳмон фаъолияти ташкилотҳои қарзии вилояти Хатлонро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳмон фаъолияти ташкилотҳои қарзии вилояти Хатлонро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд
Акс: Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон

Раҳмон фаъолияти ташкилотҳои қарзии вилояти Хатлонро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд

Нашр шуд

Рӯзи 24-уми феврал Сарвари давлат дар шаҳри Бохтар бо ҳайати расмии вилояти Хатлон мулоқот анҷом дод.

Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, Раҳмон зимни вохӯрӣ бо раҳбарони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон қайд намудааст, соли гузашта аз тарафи ташкилотҳои қарзии Хатлон ҷамъан 2,5 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод гардидааст, ки 18 дарсади сатҳи кишварро фаро мегирад.

Ба таъкиди манбаъ, бо назардошти шароитҳою иқтидорҳои истифодашавандаи вилоят нишондиҳандаи мазкур аз ҷониби Сарвари давлат ғайри ҷавобгӯ ба талабот арзёбӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ташкилотҳои қарзии вилоятҳои Суғд ва Хатлонро қиёс намуда, арз доштааст, ки соли 2021 дар Суғд зиёда аз 4,3 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод гаштааст, ки нисбат ба Хатлон тақрибан 2 маротиба бештар мебошад. 

"Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 1 миллиард сомонӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, аз ин ҳисоб ба соҳаи саноат ҳамагӣ 137 миллион сомонӣ (5,5 % аз ҳаҷми умумӣ) қарз дода шудааст, ки умуман қонеъкунанда нест"- шарҳ додааст Президенти Тоҷикистон.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронӣ ба раёсати Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ муроҷиат намуда, ба онҳо дастур додааст, ки ба соҳибкорони хурду миёна қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намоянд ва умуман ҳаҷми қарздиҳиро  ба соҳибкории истеҳсолӣ боло баранд.

Хотиррасон менамоем, ки соли 2021 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 10,6 миллион сомонӣ, Балҷувон 12,8 миллион сомонӣ ва Носири Хусрав 23,9 миллион сомонӣ қарз пешниҳод гардида буд.


Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти соҳаи маорифи пойтахт изҳори норозигӣ кард




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед