Ru  | Tj
Раҳмон ва Краснов мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро баррасӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳмон ва Краснов мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро баррасӣ намуданд
Акс: Sputnik

Раҳмон ва Краснов мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро баррасӣ намуданд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон ва Прокурори генералии Федератсияи Русия дар Душанбе мулоқот карданд.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, ки 30-юми сентябр Эмомалӣ Раҳмон Игор Краснов, Прокурори генералии Федератсияи Русияро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои манбаъ, тарафҳо дар ин мулоқот ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Душанбеву Маскавро дар самти таъмини амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо дар ин зимн ба зарурати мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, кибер-ҷинояткорӣ ва аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки бо таҳмили идеологияҳои гуногуни динии радикалӣ дар ҷомеа алоқаманд ҳастанд, таъкид намуданд.

Раҳмон ва Краснов дар мавриди ҳамкории мақомоти прокуратураи ду кишвар дар самти тафтиши муштараки парвандаҳо, гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, масоили марбут ба истирдод ва ҳифзи ҳуқуқ ва манофеи шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар табодули назар карданд.

Вазъи мураккаб дар Афғонистон ва дар пасманзари он мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва пешгирии қочоқи маводи мухаддир аз дигар меҳварҳои ин гуфтугӯ буд.

Ҳамчунин ба муҳим будани иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД “Дар бораи рӯйхати созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ” таваҷҷуҳи махсус сурат гирифт.

Прокурори генералии Русия бо даъвати Юсуф Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ бо як сафари дурӯза ба Тоҷикистон омадааст.

Дирӯз вай дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ бо Юсуф Раҳмон низ дидору гуфтугӯ карда буд ва Прокурорҳои генералии ду кишвар Ёддошти тафоҳум дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳамкории Прокуратураи генералии Русия ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2025 - ро ба имзо расониданд.

Прокурори генералӣ: Алайҳи низомиёни қирғиз парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед