Ru  | Tj
Раҳмон ва Путин ҳифзи марзи Тоҷикистон ва мусоидат ба ҳалли қазияи Афғонистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳмон ва Путин ҳифзи марзи Тоҷикистон ва мусоидат ба ҳалли қазияи Афғонистонро баррасӣ карданд
Акс: Хадамоти матбуоти КҲФ Тоҷикистон

Раҳмон ва Путин ҳифзи марзи Тоҷикистон ва мусоидат ба ҳалли қазияи Афғонистонро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Ҳифзи марзи Тоҷикистон ва мусоидати ҳамаҷониба ба раванди ҳалли қазияи Афғонистон аз меҳварҳои гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин буданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, рӯзи 18-уми август Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд ва маҷмӯи масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, низомию техникӣ ва дигар арсаҳоро баррасӣ карданд.

Сарони Тоҷикистону Русия ҳамчунин перомуни раванди омодагӣ ба нишасти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи оянда дар Душанбе баргузор мешавад, табодули назар карданд.

Ҳифзи марзи Тоҷикистон ва мусоидати ҳамаҷониба ба ҳалли қазияи Афғонистон аз меҳварҳои аслии гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмону Владимир Путин буд.

Ба иттилои манбаъ, тарафҳо дар ин гуфтугӯи телефонӣ ба ҷараёни ташаннуҷи вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус карда, таъкид доштанд, ки шиддат гирифтани авзоъ метавонад ба амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ расонад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Путин дар ин замина, ҳамоҳангии талошҳои дуҷонибаи Душанбеву Маскавро ҷиҳати таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва кӯмак ба раванди ҳалли қазияи Афғонистон ҷонибдорӣ намуданд.

Тарафҳо ба тавофуқ расиданд, ки тамосҳо ва ҳамкориҳои наздик миёни вазорату идораҳои зидахли ду кишвар дар масъалаи ҳифзи суботи минтақавиро идома медиҳанд.

Раҳмон ва Зас таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро зарур шумурданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед