Ru  | Tj
Раҳмон ва Зас таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро зарур шумурданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳмон ва Зас таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро зарур шумурданд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Раҳмон ва Зас таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро зарур шумурданд

Нашр шуд

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Станислав Зас, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки дар пайи ноором шудани вазъ дар манотиқи ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон ба Душанбе омад, дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар дода, афзудааст, ки ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро зарур шумурдаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин вохӯрӣ инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла омодагӣ ба баргузории мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шудааст.

Чанд рӯз қабл дар пайи авҷи нооромӣ дар манотиқи ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ эълом карда буд, ки омодаи расонидани тамоми кумакҳои зарурӣ ба Тоҷикистон аст.

Ба гузориши РИА Новости, котиби матбуотии созмон дар суҳбат бо ин хабаргузорӣ гуфт, ки СААД дар бораи вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон иттилоъ гирифтааст ва дар сурати дархост шудан, ин ниҳод ба Тоҷикистон тамоми кумакҳои заруриро, ки дар шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Оинномаи СААД пешбинӣ шудаанд, ироа хоҳад кард.



Тоҷикистон Афғонистонро дар мубориза бар террористон дастгирӣ мекунад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед