Ru  | Tj
Раҳмону Алвӣ татбиқи лоиҳаи “САSA-1000” – ро омили муҳимми рушди ҳамкориҳо унвон карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳмону Алвӣ татбиқи лоиҳаи “САSA-1000” – ро омили муҳимми рушди ҳамкориҳо унвон карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Раҳмону Алвӣ татбиқи лоиҳаи “САSA-1000” – ро омили муҳимми рушди ҳамкориҳо унвон карданд

Нашр шуд

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Покистон татбиқи лоиҳаи “САSA-1000” ва ташаккули долонҳои транзитиву нақлиётиро муҳимтарин омилҳои тақвияти равобити Душанбеву Ашқобод унвон карданд.

Дафтари матбуоти Президент хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон 27-уми ноябр дар Ашқобод дар ҳошияи 15-умин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Ориф Алвӣ, ҳамтои покистонии худ мулоқот намуд.

Ба иттилои манбаъ, Раҳмон ва Алвӣ дар ин дидор вазъи кунунӣ ва чашмандози рушди ҳамкориҳои Душанбеву Ашқобод ва дар ин баробар масоили муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақаро баррасӣ карданд.

Тарафҳо дар ин гуфтугӯ таъкид доштанд, ки татбиқи лоиҳаи “САSA-1000” ҷиҳати тақвияти ҳамкории энергетикӣ ва ташаккули долонҳои транзитиву нақлиётӣ аз Тоҷикистон то бандарҳои баҳрии Покистон барои тавсеаи муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт аз муҳимтарин омилҳои густариши равобити мутақобилан судманди ду кишвар мебошанд.

Президентҳо ҳамчунин зикр намуданд, ки баргузории ҷаласаҳои Шӯрои муштараки соҳибкорони ду кишвар ва гурӯҳҳои кории муштарак дар масъалаи нафту газ ва энергетикаву зерсохтор бояд мавриди таваҷҷӯҳи доимии ҳукуматҳои Тоҷикистону Покистон қарор бигирад.

Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ҳалли қазияи Афғонистон таъкид дошт, Тоҷикистон аз роҳандозии ҳама гуна тарҳҳое, ки ба эҳёи иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амнияти Афғонистон лозиманд, истиқбол хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон шоми 27-уми ноябр ба манзури ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲИ ба Ашқобод рафта буд.

Дар ҳошияи нишасти СҲИ Сарвари давлат ҳамчунин дар Туркманистон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Раисиҷумҳури Эрон Саид Иброҳим Раисӣ, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва роҳаброни дигар кишварҳои узви СҲИ мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.

"Лабораторияи Хабарҳои хуш "- лоиҳаи нави таълимӣ дар соҳаи ВАО


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед