Ru  | Tj
Раҳмону Путин таъсиси Шӯро барои ҷалби сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳмону Путин таъсиси Шӯро барои ҷалби сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳмону Путин таъсиси Шӯро барои ҷалби сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Санкт – Петербург ба масъалаи таъсиси як Шӯрои вижа барои ҷалби ҳарчӣ бештари сармояи мустақими Русия ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷӯҳ намуданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар Санкт- Петербург дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ҳамтои руси худ Владимир Путин мулоқот кард.

Гуфта мешавад, масъалаи таъсиси Шӯро оиди ба ҷалби сармояи мустақими Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҷоннок намудани кори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз меҳварҳои аслии ин мулоқот буд.

Дар ин дидор тарафҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи кунунии равобити дуҷониба, перомуни баҳрабардорӣ аз имконоти фарохи ҳанӯз истифоданашуда дар заминаҳои металлургия, истихроҷи маъданҳои куҳӣ, сохтмон, тандурустӣ, фармасевтӣ ва дигар бахшҳо табодули назар карданд.

Ҳамчунин масоили марбут ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ аз дигар мавзӯоти гуфтугӯи Раҳмону Путин буданд.

Манбаъ меафзояд, сарони Тоҷикистону Русия дар ин мулоқот ҳамчунин ба вазъи печидаи башарӣ дар Афғонистон, авзои сиёсии ҷаҳон ва ҳамкорӣ дар бахши амният таваҷҷӯҳ намуданд.

Раҳмон дар поёни гуфтугӯ аз ҳамтои русаш даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон 27-уми декабр бо даъвати Владимир Путин ва ба манзури ширкат дар нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои ИДМ ба Санкт-Петербург рафта буд.

Ин гуна нишастҳои ғайрирасмии роҳбарони ИДМ бо ташаббуси Путин то замони сар задани пандемияи коронавирус ҳамасола баргузор мешуданд.

Таъсиси Шӯрои вижа барои ҷалби ҳарчӣ бештари сармояи мустақими Русия ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан Намояндаи тиҷоратии Русия дар Душанбе Евгений Коренков гуфта буд, ки дар 10 моҳи соли 2021 мубодилаи мол миёни Тоҷикистону Русия аз марзи 1 миллиард доллар гузаштаву интизор меравад то охири сол ин нишондиҳанда то ба 1,2 миллиард доллар бирасад.

Сармоягузорони фаронсавӣ ба Тоҷикистон омаданро баъди пандемия ваъда доданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед