Ru  | Tj
Раисҷумҳури Чин аз Тоҷикистон боздид мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раисҷумҳури Чин аз Тоҷикистон боздид мекунад

Раисҷумҳури Чин аз Тоҷикистон боздид мекунад

Нашр шуд

Сӣ Ҷинпин, раисҷумҳури Чин бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари Тоҷикистон рӯзҳои 4-6 июл бо як сафари давлатӣ ба Душанбе меояд. 

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

"Дар доираи сафар мулоқоти дуҷониба дар шакли маҳдуд ва васеъ баргузор хоҳад шуд. Ҳамчунин Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар дигар чорабиниҳои расмӣ иштирок хоҳад дошт", - гуфта мешавад дар хабар.

Бояд гуфт, ки чанде пеш дар остонаи сафари Сӣ Ҷинпин ба Душанбе ҳамоиши Тоҷикистону Чин бо ширкати беш аз 150 соҳибкор ва сармоягузори ду кишвар баргузор шуд.

Дар натиҷа доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Чин дар заминаи ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷи маъдан ва нақлиёт ба маблағи беш аз 560 миллион доллар қарордод бастанд.

Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир беш аз 500 ширкат дар ин кишвар бо сармояи чинӣ фаъолият доранд.

Гуфта мешавад, ки ҳаҷми сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар 10 соли охир беш аз 3,8 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед