Ru  | Tj
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав сафар мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав сафар мекунад
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав сафар мекунад

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 7-8 октябр ба Маскав сафар карда, дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ин манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Маскав бо раҳбарони кишварҳои ИДМ як қатор мулоқотҳои дуҷониба низ анҷом медиҳад.

Бояд гуфт, ки рӯзи 5 октябр Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар як суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфта, ҳамчунин омодагиҳо ба нишасти дарпешистодаи сарони ИДМ дар Маскавро баррасӣ кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Русия хабар дод.

«Зимни суҳбати телефонӣ раисҷумҳури Русия Владимир Путин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфт, дар робита ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 8 октябр ва масъалаҳои дигари вобаста ба он дахл карда шуд», - гуфта мешавад дар хабар.

Аз сӯи дигар тибқи иттилои хадамоти матбуотии раҳбари Тоҷикистон, зимни ин сӯҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду кишварро, ки дар асоси усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ сурат мегиранд, баррасӣ карданд.

Дар робита ба ин раисҷумҳури Тоҷикистон бо изҳори итминон ба он таъкид кард, ки ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштараки минбаъда рушди ҳамкориҳоро ба нафъи мардумони ду кишвари ба ҳам дӯст таъмин хоҳанд кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед