Ru  | Tj
Раисҷумҳури Узбекистон ҳудуди 500 маҳкумшударо афв кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раисҷумҳури Узбекистон ҳудуди 500 маҳкумшударо афв кард
Акс: Аз манбаъҳои боз

Раисҷумҳури Узбекистон ҳудуди 500 маҳкумшударо афв кард

Нашр шуд

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон фармон «Дар бораи афв кардани як гуруҳ ашхосе, ки ҷазоро адо намуда, аз кирдорашон самимона пушаймон ва роҳи ислоҳро қотеона пеш гирифтаанд» имзо кард.

Дар ин бора хадамоти матбуоти раҳбари Узбекистон хабар медиҳад.

Дар ин фармон гуфта мешавад, ба муносибати 32-умин солгарди қабули Конститутсияи Узбекистон 483 нафар маҳкумшуда, ки аз рӯи ноогоҳӣ ҷиноят содир намуда, вале алакай аз кирдори худ самимона пушаймон шуда, ба роҳи ислоҳ рафтаанд, афв карда шуданд.

Аз ҷумлаи афвшудагон 107 нафар аз адои ҷазо пурра, 275 нафар шартан аз адои ҷазо озод шуда, ҷазои нисбати 7 нафар таъйиншуда бо ҷазои сабуктар иваз карда шудааст. Ғайр аз ин муҳлати ҷазо нисбат ба 94 маҳкумшуда, кам карда мешавад.

Дар миёни афвшудагон 25 нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, 32 нафар зан, 5 нафар марди аз 60-сола боло, 274 нафари то 30-сола (аз ин шумора 104 нафар ноболиғ) ва ҳамчунин 6 нафар собиқ аъзои созмонҳои мамнуъ ҳастанд.

Ҳамчунин тибқи ин фармони раисҷумҳури Узбекистон вазорату идораҳои масъул муваззаф шуданд, ки ба афроди афвшуда барои мутобиқ шудан бо ҷомеа, аз ҷумла пайдо кардани ҷойи кор ва интихоби тарзи ҳаёти солим мусоидат намоянд.

Бояд гуфт, ки Конститутсияи Узбекистон аз ҷониби парлумони ин кишвар 8 декабри соли 1992 қабул шудааст.

Хотиррасон мекунем, ки дар аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон ба муносибати таҷлили 33-умин солгарди истиқлоли ин кишвар 522 нафар маҳкумшударо афв карда буд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед