Ru  | Tj
Раиси ISI-и Покистон бо Ато Нур, Дӯстум ва Муҳаққиқ дар Туркия дидор намудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раиси ISI-и Покистон бо Ато Нур, Дӯстум ва Муҳаққиқ дар Туркия дидор намудааст
Акс: Интернет

Раиси ISI-и Покистон бо Ато Нур, Дӯстум ва Муҳаққиқ дар Туркия дидор намудааст

Нашр шуд

Ахиран хабар дода шуд, ки раиси Идораи истихбороти низомии Покистон (ISI) дар Туркия бо шуморе аз раҳбарони афғон мулоқот кардааст.

Бар асоси ин гузоришҳо, Надим Анҷум, раиси истихбороти Покистон, бо Ато Муҳаммади Нур, маршал Абдуррашид Дӯстум ва Муҳаммад Муҳаққиқ масъалаи ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистонро баррасӣ кардааст.

Бо ин ҳол, Ҷаъфар Маҳдовӣ, дабири кулли Ҳизби мардумии Афғонистон ва аз чеҳраҳои наздик ба Толибон* ба ин нишаст вокуниш нишон дод.

Раиси ISI бо раҳбарони тоҷику ӯзбеку ҳазоратабор дар ҳоле дидор кардааст, ки дар бораи тағйири равиш перумони ташкили ҳукумати фарогир аз сӯйи Толибон гумоназаниҳои зиёд вуҷуд дорад.

Покистон яке аз ҷонибдорони аслии Толибон дониста мешавад ва талош мекунад Толибонро барои қонеъ кардани дархостҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ омода созад. Аммо ин хости Покистон то ҳол ба даст наомадааст.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин масоили густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро ба баррасӣ кашиданд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед