Ru  | Tj
Раиси шаҳри Душанбе ба 11 ҳазор сокини пойтахт тӯҳфаи солинавӣ тақдим намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раиси шаҳри Душанбе ба 11 ҳазор сокини пойтахт тӯҳфаи солинавӣ тақдим намуд
Акс: Интернет

Раиси шаҳри Душанбе ба 11 ҳазор сокини пойтахт тӯҳфаи солинавӣ тақдим намуд

Нашр шуд

Кӯмаки моддӣ аз маҷмӯи либосҳои зимистона ва маҳсулоти хӯрокворӣ иборат буд.

Ҳукумати шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки бинобар фаро расидани  соли ҷадид Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ,  шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои охири соли ҷорӣ хотири беш аз ёздаҳ ҳазор сокинони пойтахтро бо тӯҳфаҳои хотирмон шод гардондааст.

Таъкид мегардад, ки тӯҳфа асосан ба ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, беморону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе бахшида шудааст.

Гуфта мешавад, ки барои кӯдакони ятиму бепарастори мактаб-интернати №1 , мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №2, мактаб-интернати махсуси ёрирасони №3”, мактаби махсуси ношунавоён, мактаби шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин, хонаи кӯдакони синни томактабии №1, маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2 ва Маркази минтақавии хизмати иҷтимоии нафақахӯрон ва маъюбони пойтахт ба ҷуз аз тӯҳфа боз дасторхони идонаю барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ҳадя гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2017 инҷониб шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи таҷлили "Рӯзи модарон" аз ҳисоби маблағҳои буҷаи шаҳр ба занони кӯчарӯб ёрдами яквақтаи пулӣ мерасонад.


Эмомалӣ Раҳмон: Чаро истеъдодҳои ҷавон барои таҳсил ба хориҷи кишвар мераванд?



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед