Ru  | Tj
Раиси шаҳри Хуҷанд ба занон ба маблағи умумии 165 000 сомонӣ грант ихтисос додааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раиси шаҳри Хуҷанд ба занон ба маблағи умумии 165 000 сомонӣ грант ихтисос додааст
Акс: SugdNews

Раиси шаҳри Хуҷанд ба занон ба маблағи умумии 165 000 сомонӣ грант ихтисос додааст

Нашр шуд

Миқдори грантҳо 40 ададро ташкил медиҳанд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки озмуни грантҳои раёсати шаҳр ба дасгирии фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкорон равона карда шудааст.

Таъкид мегардад, ки маблағи умумии грантҳо (165 000 сомонӣ) ба таври зайл тақсим шудааст: 5 грант ба андозаи 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант ба миқдори 3000 сомонӣ.

Қайд менамоем, ки 6-уми апрели соли 2021 Раиси вилояти Суғд қарор "Доир ба таъсис ва ҷудо, намудани грантҳои Раиси вилоят бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эъҷодкор"-ро ба тасвиб расонида буд.

Грантҳо ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ равона гардида буд.


Тоҷикистон, Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум оид ба кӯмаки грантӣ ба маблағи 16,94 миллион долларро имзо намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед