Ru  | Tj
Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия ба Тоҷикистон меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия ба Тоҷикистон меояд
Акс: zebra-media.online

Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия ба Тоҷикистон меояд

Нашр шуд

Дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Маскав бо муовини вазири корҳои хориҷии Русия масоили омодагӣ ба сафари дарпешистодаи раиси Ҳукумати Федератсияи Русия ба Душанбе баррасӣ шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, рӯзи 24-уми январ мулоқоти Далватшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия бо Михаил Галузин, муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар баргузор шуд.

Бар асоси иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамчунин доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.

Инчунин таъкид мешавад, ки ҷонибҳо дар ин мулоқот ба масоили омодагӣ ба сафари дарпешистодаи Михаил Мишустин, раиси Ҳукумати Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, ки дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Гуфтанист, Тоҷикистон ва Русия шарикони стратегӣ буда, муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар 8 апрели соли 1992 барқарор шудааст. Ҳарду кишвар узви ИДМ, Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мебошанд.

Бояд, гуфт, ки дар 11 моҳи соли 2022 гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта 34,4 дарсад афзоиш ёфта, барои нахустин бор марзи 1,5 миллиард долларро гузашт.

Аз сӯйи дигар гуфта мешавад, ки дар 13 соли ахир ҳаҷми сармоягузории ҷамъшуда аз Русия ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1,6 миллиард долларро ташкил додааст, ки 900 миллион доллари он сармоягузорӣ аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед