Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон ҳамчун туҳфаи идона хонаи истиқоматӣ тақдим кард
Нашр шуд
Имрӯзҳо дар тамоми кишварҳо омодагиҳо барои таҷлили рӯзи Модарон оғоз шуданд ва дар ин арафа Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳокимзода ҳамчун туҳфаи идона хонаи истиқоматӣ тақдим кард.
Ҳалима Дурманова зани камбизоат ва соҳиби ду фарзанд, ки якеаш маъюб мебошад солҳои дароз дар хонаи иҷора умр ба сар мебарад соҳиби хонаи ду ҳуҷрага дар шаҳри Бохтар гардид.
Чунин туҳфа метавонад ба Ҳалима Дурманова сабукиҳои зиёд орад, чунки ӯ ягона шахсе мебошад, ки оиларо таъмин мекунад ва қисми зиёди меҳнаташро барои иҷора месупорад.
Раиси вилоят дар фазои тантанавӣ ҳамаи занонро ба муносибати Рӯзи модарон табрик намуда туҳфаи асосиро тақдим намуд.
8 март дар зиёди кишварҳои дунё ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон ҷашн гирифта мешавад, дар Тоҷикистон бошад ҳамчун Рӯзи модарон таҷлил мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед