Ru  | Tj
Раисони ноҳияи Рашту Тоҷикобод ба Президент ҳисобот доданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раисони ноҳияи Рашту Тоҷикобод ба Президент ҳисобот доданд
Акс: Интернет

Раисони ноҳияи Рашту Тоҷикобод ба Президент ҳисобот доданд

Нашр шуд

Заминларза дар масофаи 20 километри наздикии маркази ноҳияи Рашт дар чуқурии 10 километр ба вуқуъ пайваста, аз рӯйи ҷадвали Рихтер қувваи он ба 5,9 балл баробар буд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод дастур дод, ки ҷиҳати ҳарчӣ тезтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҷӯйӣ кунанд ва ба оилаҳои зарардида кӯмак расонанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми июл, соати 7:14 дар ноҳияи Рашт заминлара рух дода, манзилҳои истиқоматӣ хароб гардиданд. Мувофиқ ба маълумоти АМИТ “Ховар” дар натиҷаи зилзила 4 нафар ба ҳалокат расидааст,, ки 2 нафари он кӯдак будаанд.




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед