Ru  | Tj
Рамазон Раҳимзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рамазон Раҳимзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафт
Акс: Интернет

Рамазон Раҳимзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафт

Нашр шуд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкории амниятӣ ва мубориза бо терроризмро бо намояндагони воломақоми ҶИЭ баррасӣ мекунад.

Субҳи 31-уми май ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ, генерал- полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуд. Дар ин бора маркази матбуотии ВКД хабар додааст.

Манбаъ мегӯяд, дар рафти сафари корӣ вохӯрӣ бо роҳбарони воломақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон вобаста ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти амният, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар масъалаҳои корӣ, дар назар дошта шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни сафари корӣ қарор аст, як қатор санадҳои дахлдор имзо гарданд.



Қоҳир Расулзода бо Александр Лукашенко мулоқот мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед